Донишҷӯёни аълохону пешқадами Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ), ки ба гирифтани стипендияи президентӣ сазовор дониста шудаанд, аз пардохт нашудани ин стипендия муддати 2 сол, яъне аз соли 2012 шикоят доранд.
Яке аз донишҷӯён дар ин робита изҳор намуд, ки бо хоҳиши раҳбарияти донишкада онҳо ду маротиба бо ин мақсад ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намуда, барои гузаронидани маблағ онҳо бояд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фиристода мешуданд.
«Моҳи сентябри соли гузашта мо бо ин масъала ба муовини ректори донишкада муроҷиат кардем. Ӯ посух дод, ки фармон дар ин бора содир шуда, вале маблағ алҳол гузаронида нашудааст ва дархост намуд, ки боз каме мунтазир шавем», - гуфт донишҷӯ.
Сардори Раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ Алидод Расулов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки стипендияи президентӣ бояд аз буҷети донишкада пардохта шавад ва Вазорат ба ин масъала ҳеҷ дахле надорад. «Маъмурияти донишкада ба масъалаи на аз ҷониби Вазорат, балки аз воситаҳои худи муассисаи таълимӣ пардохт шудани стипендияро дуруст сарфаҳм нарафтааст», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки ин масъала аллакай ҳаллу фасл шуда, рӯзҳои наздик донишҷӯён шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта ва барои давраи хониши соли равон низ стипендияҳои худро дастас хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми стипендияи президентӣ 660 сомониро ташкил дода, аз Донишкадаи мазкур се нафар донишҷӯён – Садриддин Шарифов (факултаи иқтисоди байнулмилалӣ), Нилуфар Ақдодова (технологияи иттилоотӣ дар иқтисод) ва Ризоӣ Ҷамила (факултаи молияву қарз) ба гирифтани ин стипендия сазовор дониста шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста