Анонс
- Соати 10:00 дар Душанбе оид ба масоили муҳими омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон конфронси байнулмилалии илмиву амалӣ ба кор шурӯъ мекунад. Макони баргузорӣ: Академияи маорифи Тоҷикистон, кӯч. Айнӣ, 45.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8058 сомонӣ;
1 евро - 6.5029 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1353 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1992 – Таъсиси газетаи «Нидои ранҷбар», нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
2000 — Интихоботи нахустин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.
2002 — Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба Алмаато рафт. Дар нишаст Шартнома дар бораи таъсиси Созмони Ҳамкории осиёимиёнагӣ (ЦАС) ба имзо расид.
2010 — Дар кишвар интихобот ба Маҷлиси намояндагони ва маҷлисҳои маҳаллии ваиклони халқ доир гардид.
2011 – Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдорони ӯ аслиҳаашонро супурданд.
2013 — Палатаи болоии парлумон қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро тасдиқ кард.
1927 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Юсуфшо Яъқубов.
1936 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Акбар Ҷӯраев.
1939 – Зодрӯзи шарқшинос Матин Ҳусейнзода.
1948 – Мавлуди актриса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Эркаева.
1951 – Зодрӯзи сарояндаи эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев.
1954 – Мавлуди собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.
1962 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов.
1965 – Мавлуди олим Маҳмад Шодиев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона +1+6.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона +4+9; дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -3-8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +6+8.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста