Дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза дар мавзуи "Ҳамкории ВАО ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон" доир гардид, ки аз ҷониби Намояндагии "Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ" (IWPR) дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар доираи ин тренинг 14 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсони шаҳри Душанбе барои пайдо кардани заминаҳои муштараки ҳамкорӣ ба хотири дифо аз ҳуқуқи инсон талош намуданд.
Иштирокчиёни тренинг дар шакли интерактив тарзи омода кардани мақолаҳо дар мавзуъҳои ҳуқуқи инсон ва нозукиҳои ташкил намудани мусоҳиба бо қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсонро омӯхта, инчунин бо ҷанбаҳои қонунии оростани мусоҳиба бо поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шинос шуданд.
Роҳбари "Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон" Нуриддин Қаршибоев ва директори "Маркази мустақили ҳуқуқи инсон" Сергей Романов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён дарс гуфтанд.
"Ба ман ду чиз бисёр писанд омад", - гуфт яке аз иштирокчиёни тренинг, Алиакбар Абдуллоев, роҳбари созмони ҷамъиятии "Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зидди корупсионӣ". - Аввалан – ин тарзи интерактивии пешниҳодимавод, ки барои осон аз худ кардани мавзӯъ мусоидат менамояд. Баъдан ин, ки журналистон ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон имконият пайдо карданд, ки кори ҳамдигарро пурра кунанд. Имрӯз чунин тарзи кор талаби замон аст".
IWPR тасмим гирифтааст, ки чунин тренингҳоро дар оянда дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ гузаронад.
Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи "Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон" гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои "Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон" (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва "Хазинаи миллии рушди демократия" (NED) маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.



Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста