Санаи 11-12 апрели с. 2014 Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон тренинги дурўзаро, дар мавриди «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир намуд. Дар доираи ин тренинг 15 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритуз, Қубодиён ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон барои пайдо кардани заминаҳои муштараки ҳамкорӣ ба хотири дифо аз ҳуқуқи инсон талош намуданд.
Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки иштирокчиёни тренинг тарзи омода кардани мақолаҳо дар мавзўҳои ҳуқуқи инсон ва нозукиҳои ташкил намудани мусоҳиба бо қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсонро омўхта, инчунин бо ҷанбаҳои қонунии оростани мусоҳиба бо поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шинос шуданд.
Рухшона Олимова, Ҳамоҳангсози барномаҳои “Дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасонӣ”-и Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва директори “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон” Сергей Романов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён дарс гуфтанд.
Носирҷон Маъмурзода, яке аз иштирокчиёни фаъоли тренинг гуфт, ки «воқеан, тренинги «Ҳамкорӣ миёни ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» барои аксари намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ хеле муҳим аст, зеро то имрӯз иртиботи қавӣ миёни ин ду институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хатлон роҳандозӣ нашудааст. Ин давраи омӯзишӣ имкон медиҳад, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳу усулҳои муносибат ва робитасозӣ бо журналистонро омӯзанд. Дар навбати худ журналистон ҳам дар ин тренинг бо кори созмонҳои ҷамъиятӣ аз наздик шинос шуда, бо намояндагони онҳо табодули назар мекунанд».
Мавриди зикр аст, ки ин тренинг аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доир гардида, дар оянда дар шаҳрҳои Кўлоб ва Хоруғ баргузор хоҳад гашт.
Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста