Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, қатори иборат аз 14 автомашинаи боркаши бузургҳаҷм бо 160 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдидаи ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Ҳамадонӣ раҳсипор шуд. Кумак аз маҳсулоти ғизойӣ ва масолеҳи сохтмон иборат буда, аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ ва аҳолии пойтахт расонида шудааст.
Шавкат Саидов қайд кард, ки 50%-и кумаки башардӯстона ба аҳолии аз офат зарардидаи ноҳияи Шӯрообод пешбинӣ гардида, боз ба аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ се мошинӣ маҳсулоти ғизойӣ кумак карда мешавад.
«Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи расонидани кӯмак тасмим гирифта шуда, сокинони пойтахт, аз ҷумла соҳибкорон ин тасмимро дастгирӣ намуданд», - афзуд Саидов.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, қаблан ба ситоди минтақавии ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон ба сифати кумак ба аҳолии ноҳияи Восеъ 60 адад хайма, 300 кило орд, 150 кило шакар, 150 кило биринҷ, 90 кило макарон ва 60 литр равғани растанӣ фиристода шудааст.
Ҳамчунин барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Восеъ ҳудуди 11 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) фиристода шудааст. Барои роҳандозии корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои табиӣ 22 нафар сарбозон ва 2 афсар ба ноҳияи Шӯрообод сафарбар шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.
Акс аз радиои «Озодӣ».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста