Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ сабти номи довталабон ба имтиҳоноти қабул ба макотиби олии ҷумҳуриро то 30-юми апрел дароз кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ММТ, тибқи розигии президент вобаста ба дархости Вазорати маорифи кишвар, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи марҳалаи азнавбақайдгирӣ, то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони азқайднагузашта низ идома хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, ки айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49 ҳазору 958 нафарро ташкил мекунад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.
ММТ қаблан иттилоъ дода буд, ки санаи 15-уми апрел сабти номи довталабон аз рӯи низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба итмом расид . Имтиҳонҳои қабул рӯзҳои 1-12-уми июл баргузор мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста