Чанде қабл сокинони деҳоти наздимарзии Хоҷа Аъло ва Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ҳамчунин Самрқандак ва Актатири ноҳияи Ботканди Қирғизистон як шанбегии муштарак гузаронида, канали панҷкилометраи обёриро тоза карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, канали мазкур аз деҳаи Хоҷа Аъло сарчашма гирифта, то деҳаи Самарқандаки Қирғизистон ҷорӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар шанбегӣ беш аз се ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳудуди 100 тан аз шаҳрвандони кишвари ҳамсоя иштирок кардаанд. «Шанбегӣ дар фазои ҳусни тафоҳуму дӯстӣ ва анъанаҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор шуд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста