Анонс
- Сафари хизматии вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба минтақаҳо ҷиҳати ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ додани бандҳои асосии паёми президент ба парлумон оғоз мегардад;
- Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «Тоҷиказот» шурӯъ мегардад;
- Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастахои «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9214 сомонӣ;
1 евро - 6.8525 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1361 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1919 – Оинномаи Лигаи Миллатҳо қабул гардид.
1929 – Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар Конститутсия қабул карда шуд.
1959 – Дар Душанбе корхонаи «Тоҷиккабел» ба истифода дода шуд.
2001 – Филми коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) дар номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба ҷоизаи киноакадемияи Русия «Ника» сазовор гардид.
2004 – Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза зидди маблағгузории байнулмилалии терроризм ҳамроҳ шуд.
2010 — Дар Пекин Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Чин ва Тоҷикистон ва ҳамчунин Протокол дар бораи аломатгузорӣ дар марзи давлатии ҳарду кишвар ба имзо расид.
1928 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Кибриё Ҳасанова.
1945 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қиёмиддин Чақалов.
1954 – Зодрӯзи адиби ҳаҷву зарофатнавис Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ.
1959 – Мавлуди доктори улуми филология Маҳмадюсуф Имомов.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +12+17; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +2+7.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста