Дар шаҳри Челябински Русия 16 муҳоҷири кории тоҷик ба иллати заҳролудшавии бадан дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати ВКД-и вилояти Чклябинск, муҳоҷирон, коргарони корхонаи маснӯоти оҳаниву бетонии рақами 1 дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ қарор доранд. Онҳо шоми рӯзи 26-уми апрел бо аломатҳои бемории заҳролудшавии шадиди бадан ба бемористон оварда шудаанд.

«Мақомоти пулис санҷиш гузаронида, сабабҳои заҳролудшавии оммавии шаҳрвандони хориҷиро таҳқиқ мекунад. Онҳо дар қаламрави корхона иқомат дошта, барояшон шароитҳои хуби маишӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми маҳсулоти ғизойӣ мутобиқи меъёрҳо дар яхдон нигаҳдорӣ мешаванд», - гуфта мешавад дар хабар.

Аз рӯи аломатҳои беморӣ табибон дарҳол хулоса кардаанд, ки онҳо заҳролуд шудаанд, лекин ба бемории дигар гирифтор шудани онҳо низ аз эҳтимол дур нест. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.