Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Кӯлоб намояндагони президенти мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб кумакпулӣ супурданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов хабар дод, тӯли 4 моҳе, ки рӯйхати 38 нафар собиқадорони ҷанг таҳия гардид, 4 тан аз онҳо вафот карда, ба оилаҳои онҳо ва иштирокчиёне, ки имрӯз ба бинои ҳукумат ҳозир шуда натавонистанд, кумакпулӣ ба манзили зисташон расонида мешавад.
Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова изҳор намуд, ки ӯ имрӯз бо хушнудӣ супориши сарвари давлатро иҷро карда, ба собиқадорон 1000 сомонигӣ кумакпулӣ тақдим кард.
Дар ҳамин ҳол, собиқадорони ҶБВ аз номи раиси вилояти Хатлон, 400 сомонигӣ гирифта, ба 38 нафар иштиркчиёни ҷанг ва 14 нафар собиқадорон раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов шахсан 300 сомонигӣ кумакпулӣ тақдим намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста