Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавононро, ки ҳамасола санаи 23-уми май ҷашн гирифта мешавад, тасдиқ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, рӯзи ҷумъа соати 5-и субҳ роҳпаймоии ҷавонон бо парчамҳои Тоҷикистон ба самти майдони «Дӯстӣ» оғоз мегардад. Дар майдон 1 ҳазор нафар ҷавонон бо тарзи зинда таҳти мусиқии оркестр Суруди миллии Тоҷикистонро месароянд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯрии ҷаввонон бо собиқадорони ҷангу меҳнат, аёдати сарбозону афсарони Артиши миллӣ дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки шоми рӯзи 23-юми май дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки сарояндагони ҷавони эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мегардад.




Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста