Анонс
- Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;
- Рӯзҳои 29-30-юми май дар Душанбе таҳти унвони «Вазъ ва мушкилоти бахши истеҳсоли гандум дар шароити тағйирёбии иқлим» конфронси илмӣ-амалии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Созмондиҳандаи конфронс намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон мебошад;
- Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Садриддин Айнӣ соати 18-00 маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9 004 сомонӣ;
1 евро - 6.9353 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.144 4 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1933 — Бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.
1943 – Шӯрои комиссарон ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташкили «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» барои намоиш дар қисмҳои ҳарбии Ариши Шӯравии амалкунанда қарор қабул кард.
1992 – Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.
2003 — Дар Душанбе миёни САҲА ва ТҒД «Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо» созишнома ба имзо расид.
1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Мухтор Ашрафӣ, ректори Консерваторияи давлатии Тошканд.
1936-1985 – Мавлуди овозхон Барот Яхшӣ.
1939 – Зодрӯзи актёри театр Амирҳайдар Давлатов.
1940 – Мавлуди нависанда Маҳкам Пӯлодов.
1957 – Зодрӯзи адабиётшинос Абдувалӣ Давронов.
1972 – Мавлуди коргардони кино Умедшоҳ Мирзоширинов.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан чангу ғубор мефарояд..
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста