Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба аҳолии аз обхезии нимаи моҳи май осебдидаи ноҳияи Рӯдакӣ кумаки таъҷилӣ расонид.
Котиби иҷроияи филиали ноҳиявии ҶҳАТ Ризқинисо Худойбердиева ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ дод, ки намояндагони ҷамъият ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз 30 дақиқаи обхезӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
«Дар макони офати табиӣ вазъ ва зиёни расида бар асари обхезӣ пешакӣ арзёбӣ шуда, дархостҳои аввалини аҳолии беманзилмонда ба иҷро расиданд», - гуфт Худойбердиева.
Ба қавли ӯ, ба аҳолии осебдидаи ноҳия кумаки ғайриғизоӣ – кӯрпаву болишт, кммпалҳои пахтагин, маҷмӯи рӯйпӯш барои ҷогаҳ (50 дона), маҷмӯи масолеҳи сохтмон (59 адад), хаймаҳои оилавӣ (2 дона) ва рӯйпӯшҳои пластикӣ (10 дона) дода шуданд. «Баъдтар рӯзи 23-юми май бар асоси номаи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба аҳолии ҷамоати Зайнабобод деҳаҳои Комосомол, Адолат ва Файзоб низ барои 200 оила кумаки ғайриғизоӣ расонида шуд», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми май бар асари обхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 400 манзили зист осеб дида, дар натиҷаи болоравии беҳад зиёди сатҳи об дар дарёи Элок ба аҳолӣ ва зербинои деҳаҳои Комосомол 1,2, Тоҷикобод, Адолат ва Шафақ зарари зиёд расонида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста