Профессор Ҷон Хизершоу , роҳбари илмии Александр Содиқов, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҷосусӣ гумонбар медонанд, суҳбати ихтисосие дошт бо «Азия-Плюс».
- Ҷаноби Хизершоу, дирӯз дар шаҳри Хоруғ шаҳрванди Тоҷикистон Александр Содиқов боздошт шуд, ки ҳамроҳи Шумо дар лоиҳа кор мекунад. Имрӯз Раёсати КДАМ дар ВМКБ изҳороти расмӣ пахш намуда, дар он Содиқовро ба «фаъолияти тахрибкорӣ» айбдор мекунад. Назари шумо ба ин ҳодиса чӣ гуна аст?
- Ман олимам ва Александр ҳамроҳи ман аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳҳо ва методҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. Ӯ бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад.
- Ҷаноби Хизершоу, Шумо кистед? Дар Тоҷикистон бо чӣ корҳо машғулед? Моҳияти лоиҳаи Шумо чист?
- Ман сиёсатшиноси Донишгоҳи Экситер ва муддати 11 сол рӯйи омӯзиши намунаҳои муваффақи ҳалли ихтилофҳо дар Тоҷикистон кор кардам. Ман чандин маротиба дар Тоҷикистон будам ва ҳеҷ гоҳ бо ҳукумат ё сохторҳои маҳаллии интизомӣ мушкилие надоштам. Мавзӯи лоиҳаи кунунии ман омӯзиши таҷрибаи муваффақи идораи ихтилоф пас аз буҳрон дар Хоруғ аст.
- Чӣ гуна бо Александр шинос шудед? Шумо аз кори илмии ӯ дар Донишгоҳи Торонто огаҳӣ доред?
- Мо бо Александр 10 сол қабл дар Тоҷикистон шинос шудем. Ӯ яке аз донишҷӯёни аспиранти қобилиятноки тоҷик мебошад, ки дар донишгоҳҳои ғарб таҳсили илм мекунад. Феълан ӯ дар Донишгоҳи Торонто таҳсил дошта, ман аз диссертатсияи доктории ӯ, ки ҳоло ба итмом нарасидааст, хуб огаҳӣ дорам.
- Дар изҳороти Раёсати КДАМ зикр мегардад, ки 10-уми июн Александр бо як муҳаққиқи хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба фаъолияти иктишофӣ машғул аст, вохӯрдааст ва аз ӯ «барои иҷрои коре супориши мушаххас ва мукофотпулӣ гирифтааст». Ин ҷо сухан дар бораи Шумо аст? Шумо ба Александр чӣ супориш додед ва гап сари кадом маблағҳои пулӣ аст?
- Донишгоҳи Экситер аз рӯи қарордод ба ӯ барои таҳқиқот маблағ пардохт мекунад. Ман ба Шумо нусхаи ин қарордодро пешниҳод мекунам. Чун то 11-уми июн ман дар Қирғизистон қарор доштам, ӯ рӯзи 11-уми июн, пас аз омадан ба Душанбе бо ман вохӯрд. Зимни вохӯрӣ мо ҷузъиёти кори илмии ӯ тибқи лоиҳаро баррасӣ карда, ӯ аз ман ягон супориши иловагӣ нагирифтааст. Аз рӯи ин лоиҳа мо дар Қирғизистон ҳам таҳқиқоти илмӣ мегузаронем.
- Вазъи дучоргардидаи ҳамтоятонро чӣ гуна қабул доред?
- Ман аз боздошти Александр ва айбҳои ба ӯ пешниҳодшуда огаҳӣ ёфта, хеле мутаассиру ноумед гардидам. Ман тасдиқ карда метавонам, ки ӯ аз рӯи лоиҳаи илмӣ мутобиқи қарордод бо Донишгоҳи Экситер кор мекунад ва ба ҳеҷ гуна «фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ» машғул нест. Аз ҳодисаи рухдода хеле нороҳатам ва чун медонам, ки Александр оиладору соҳиби духтарча аст, онҳо ҳам акнун дар ташвишанд ва итминон доданиам, ки Александр ба ягон кори ғайриқонунӣ машғул набуд. Ман хеле умедворам, ки ин як нофаҳмие буда, ӯ дар фурсати наздик ба хонааш бармегардад.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста