Рӯзи 2 - юми июл аз ҷониби шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ба Шаҳбол Мирзоев, хизматчии қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки аз ҷониби сарбози ҳамхизматаш мавриди лату кӯби шадид қарор гирифта, бистарӣ гардида буд, 1500 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи вилоятии ҳизб дар ин робита изҳор намудааст, ки як ҳайат аз аъзои раёсати шуъба ба дидорбини Шаҳбол Мирзоев рафта, ин кӯмакро расонидаанд.
Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол изҳор доштааст, ки вазъи саломатии писараш феълан хуб буда, ӯ дар як беморхонаи шаҳри Хуҷанд зери муоинаи табибон қарор дорад. Вале зимнан Нуъмон Мирзоев изҳори нигаронӣ кардааст, ки аз ҷониби мақомот ягон кӯмаке ирсол намегардад ва масъулини ҳукумату ниҳодҳои қудратӣ намедонанд, ки ҳоло фарзандаш дар куҷо қарор дорад.
Илҳомҷони Яъқуб, масъули ҳизб дар вилояти Суғд иброз доштааст, ки аъзои ҳизб аз ҳоли Шаҳбол пайваста хабардор мегарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин амали наҳзатиҳои суғдӣ тибқи барномаҳои ҲНИТ амалӣ шудааст
Ёдовар бояд шуд, Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 – уми март, баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шуд. Худи ӯ гуфтааст, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.
Қобили зикр аст, ки 20-уми апрели соли ҷорӣ фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки дар маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста шуд, ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд. Ҳукм дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе қироат шуд. Ғайр аз ин, маҳкумшуда ба пардохти 8 ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат низ уҳдадор карда шуд.
Фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова, ки тибқи моддаҳои 392 (Муносибати хунукназарона ба хизмат) ва 380 (Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд, ба пардохти 15%-и маблағи музди меҳнаташ дар зарфи 1,5 сол ба фоидаи давлат уҳдадор гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста