Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб 14 млн. 253 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатии кишвар 2 млн. 330 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.
Директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки айни замон аз хизматгузориҳои фурудгоҳ 3 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ду ширкати хориҷӣ ва 1 ширкати маҳаллӣ, ки ҳиссааш 37%-ро ташкил медиҳад, истифода мекунанд.
«Дар ин давра 390 парвоз тариқи хатсайрҳои гуногун анҷом дода шуда, ба 91 ҳазору 858 нафар мусофир, аз ҷумла 33 ҳазору 236 нафар мусофири воридшуда ва 58 ҳазору 622 нафар мусофири хориҷшуда хизматгузорӣ шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Комилов, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3 ҳазору 287 нафар мусофир иҷозати парвоз ба Русия рад карда шуд. «Аз оғози сол мо ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода, имрӯз дар фурудгоҳ 250 нафар машғули коранд ва музди миёнаи меҳнати моҳонаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста