Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари расмии дурӯза аз кишвари Олтойи Федератсияи Русия боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сафари мазкур дар асоси созишномаи Тоҷикистон бо усия оиди густариш додани ҳамкориҳои минтақавӣ, Созишномаи ҳамкории байни мақомоти кишвари Олтой ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оиди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техникӣ ва гуманитарӣ сурат гирифт.
Дар ин замина давоми 7 сол ҳамкории байни ҷонибҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд ва миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва кишвари Олтой созишномаҳои гуногун оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тиҷорат, илм ва техника, рушди хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ , фарҳанг ва ғайра ба имзо расонида шуд.
Кишвари Олтой дар ҷанубу шарқии Сибири ғарбӣ ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 168 ҳазор километри квадратӣ буда, дар Руссия аз ҷиҳати масоҳат дар ҷои 24 – ум қарор дорад. Пойтахти кишвари Олтой шаҳри Барнаул мебошад.
Маҷмуъи маҳсулоти истеҳсолии кишварро корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад. Рушди иқтисодиёти кишвар имкониятҳои заруриро барои соҳибкорӣ фароҳам овардааст. Соҳаҳои пешрафтаи саноати кишвар ин истеҳсоли маводи хурокворӣ, корхонаҳои мошинсозӣ ва соҳаи хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои истеҳсоли резина, маҳсулоти кимёвӣ мебошад.
Дар ин минтақаи Русия солона 22 фоиз маҳсулоти ғаллагӣ, гӯштӣ, равғани растанӣ ва шири истеҳсол мегардад. Аз ҷиҳати масоҳати кишти ғалла дар Русия ин минтақа дар ҷои аввал қарор дорад ва дар Олтой солона то 5 миллион тонна ғалла истеҳсол карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сафари корӣ дар шаҳри Барнаул бо раиси маҷлиси қонунбарори кишвари Олтой Лоор Иван Иванович мулоқот орост. Дар бинои марказии маҷлиси қонунбарор Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро бо фаъолияти пурлумони минтақавӣ ва шароитҳои кории вакилони халқи кишвари Олтой шинос намуданд.
Баъдан вохурии намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вакилони халқии кишвари Олтой баргузор гашт. Дар мулоқот Раиси парлумони кишвари Олтой Лоор Иван Иванович дар бораи ярмаркаии анъанавии хоҷагии қишлоқ, ки ба муносибати 60 - солагии азхудкунии заминҳои лалмии дашти Олтой бахшида шудааст, сухан ронд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста