Ҳукуматдорони пойтахт бозори миёни мардум маъмул бо номи «Аҷинабозор»-ро бастанд. Ин бозор субҳ ҳангоми ба пойтахт омадани қатораи наздишаҳрӣ фаъолият мекард.
Аз ин бозор аксаран афроди нисбатан даромадашон камтар ва савдогарони бозорҳои дигари шаҳр харид мекарданд, зеро маҳулоти дар «Аҷинабозор» мавриди фурӯш қарормегирифта аз бозорҳои дигари пойтахт арзонтар буданд. Фурӯшандагони маҳсулоти ин бозор – сокинони ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода ба бозор миқдор начандон зиёде сабзавоту мева оварда, кӯшиш мекарданд, ки маҳсулоташонро базудӣ фурӯшанд.
Котиби матбуотии мақомоти шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бозори мазкур стихиявӣ ва мутаносибан ғайриқонунӣ амал мекард. «Гузашта аз ин, издиҳоми зиёди мардум дар роҳи оҳани назди бозор барои харидорону фурӯшандагон хатарнок буда, аз ин рӯ, чунин тасмим гирифта шуд», - иброз дошт ӯ.
Акнун фурӯшандагони ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе маҳсулоти ғизойии худро дар бозорҳои сершумори пойтахт ба фурӯш гузошта метавонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста