Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон шабакаи нави иҷтимоӣ – vipnet.tj амал мекунад, ки ба гуфтаи муассисаш, шабеҳи «Одноклассники» аст. Қобили зикр аст, ки шабакаи нави иҷтимоӣ дар Тоҷикистон замоне рӯйи кор омад, ки дастрасӣ ба торнамои русиягии «Одноклассники» дар ҷумҳурӣ қатъ шуда буд.
Хатмкардаи гимназияи ба номи Низоми Ганҷавии пойтахт Ғанӣ Саломзода ба «Азия-Плюс» хоҳиши таъсиси шабакаи нави иҷтимоии vipnet.tj дар Тоҷикистонро бо он маънидод кард, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «ВКонтакте» маводу наворҳои видеоии тарғибкунандаи фаҳшу хушунат ва ҳатто даъват ба ҷиҳод хеле зиёд шуда, муассисони ин сомонаҳо онҳоро мавриди таҳриру арзёбӣ қарор намедиҳанд.
«Аз ин рӯ, дар торнамои мо нашри таблиғи фашизму зӯроварӣ, даъватҳои ифротгароёна, пахши маводи зидди шариати ислом ва мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ ва нақзкунандаи ҳуқуқҳои муаллифӣ манъ аст. Барои риоя накардани қоидаҳо хадамоти пайгирӣ бидуни огаҳӣ дастраси ба торнаморо қатъ мекунад», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки бо гузашти ду рӯз дар vipnet.tj 253 нафар корбарон аз Тоҷикистону, Русия, Озарбойҷон ва Белорус сабти ном шудаанд. «Торнамо барои сабти 3 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, дар баробари афзудани шумори корбарон, мо сомонаи худро ба сервери дигар мегузаронем ва сафи корбаронро зиёд мекунем», - иброз дошт Саломзода.
Ба қавли номбурда, рӯйи таъсиси ин торнамо ӯ муддати ним сол кор карда, ҳамчунин дар ин кор ба ӯ дӯсташ Шаҳзод Қулиев низ кумак кардааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо vipnet.tj аз 4-уми июн Ғанӣ Саломзода дар шабакаи Интернет низоми нави ҷустуҷӯии holmes.tj -ро низ ба кор надохт, ки дарёфти маълумоти зарурӣ дар дохили Тоҷикистонро осон мекунад.
Ғанӣ Саломзода ҳамин сол синфи 11-ро хатм карда, ҳуҷҷатҳои худро барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон супардааст ва аз синни 9-солагӣ ба барномарезӣ дар компютер майлу рағбат дорад. «Ман дар шабакаи Интернет портали видеойии озмоишӣ, шабакаи иҷтимоӣ ва низоми ҷустуҷӯи маълумот таҳия намудам ва худомӯз ҳастам», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста