Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фонди дастгири занҳо таъсис дода шуд.
Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, заноне, ки хоҳишу истеъдод доранду ба роҳандозии тиҷорати худ имконоти молӣ надоранд, метавонанд аз ҳисоби ин фонд кумак дастрас намуда, ба фаъолият оғоз кунанд.
«Ин маблағҳо, ки аслан аз 2,5 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, қарз набуда, балки кумаки бебозгаштанд. Андеша мекунам, бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ки садҳо занҳои ноҳияро бо ҷои кор таъмин кунем ва то андозае мушкили иҷтимоии онҳоро ҳал намоем», - иброз дошт раиси ноҳия.
Зимнан зикр гардид, ки занони хоҳишманди роҳандозии тиҷорат метавонанд ба шуъбаи занони ноҳия ҳуҷату дархости худро пешниҳод кунанд. «Мо дархости онҳоро омӯхта, барояшон маблағ ҷудо мекунем», - афзуд Амирбек Маҳмадалиев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста