Рӯзи 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд - Нафиса Мирзоҷамшедзода аз мактаби Гёте ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид. Бояд гуфт, ки имсол дар қаламрави кишвар 86 нафар довталаб барои гирифтани медалҳои ифтихорӣ дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд ва танҳо 7 нафар аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуданд, ки 5 нафар аз шаҳри Душанбе ва ду нафарашон аз вилояти Суғд мебошанд. Ҳамин тариқ Нафиса Мирзоҷамшедзода ба гирифтани медали тилло ва Хуршед Бобоҷонов ба гирифтани медали нуқра сазовор гардиданд.
Роҳбари вилоят медалистҳоро бо ин комёбиашон таҳният гуфт ва онҳоро ифтихори маориф ва илми вилоят номид. Изҳори умед карда шуд, ки онҳо минбаъд низ таҳсили шоиста мекунанд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол чун мутахассисони кордон саҳми муносиб мегузоранд.
Толибилмони беҳтарин ҳамзамон бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста