Ахири ҳафтаи гузашта сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи мактаби нав таъмиршудаи №120-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзид.
Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, раванди азнавсозӣ пурра барқарор намудани чаҳор утоқи дарсӣ ва дастрас намудани таҷҳизотҳои ёрирасонро дар бар гирифт. Ин кор аз тарафи Муассисаи ҳамоҳангсозони ёрии ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиёи (EUR/ACE) маблагузорӣ шуда аз тарафи Барномаи Ёрии Башардӯстона ба Ҷомеа (БЁБҶ) Каунтерпарт Интернейшнл амалӣ карда мешавад.
Таъмирот бевосита муҳити омӯзишро барои донишҷӯён ва омӯзгорон таввасути зиёд кардани синфхонаҳо дар ошёнаи дуввум ва баланд бардоштани ғунҷоиши мактаб аз 191 нафар то 250 нафар талабагон беҳбудӣ бахшид.
Мактаби таҳсилоти умумии №120 соли 1972 ҳамчун боғчаи бачагон барои оилаҳои камбизоат таъсис ёфта соли 2003 ба мактаби ибтидоӣ табдил ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста