Аз 71 масҷиди воқеъ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар 55 масҷид барои анҷоми маросими никоҳ шароити мушобеҳ ба идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) фароҳам оварда шудааст.

Мудири шуъбаи умури дин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом бинобар сабаби никоҳҳои барвақтӣ ё ба истилоҳ ҳолатҳои афзудани маросими анҷоми никоҳи «зани дуюм», ки пешгирии ин мушкилот бо воситаҳои маъмулӣ аз қабили фаҳмонидану машварат додан душвору ғайриимкон шудааст, роҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд маросими никоҳро на ҳама гуна шахс, ки чанде аз оятҳои Қуръонро аз ёд кардааст, балки танҳо имомхатиби масҷиди маҳаллаи аҳолинишин мегузаронад.

«Танҳо баъди санҷиши дақиқи тамоми ҳуҷҷатҳо дар бораи сабти никоҳ дар идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, синнусол ва вазъи солимӣ имомхатиб навхонадоронро никоҳ мекунад», - гуфт Абдулҳамидов ва илова намуд, ки ин иқдом дар хамаи 588 масҷиди минтақи Кӯлоб роҳандозӣ гардида, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд.