Баргузории иди ҳамасолаи асал ва харбуза дар шаҳри Душанбе имсол 30-юми август пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоврзии ҶТ, Иди «Асал ва харбуза-2014» соли равон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт - «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бозорҳо ба харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаш гардида, маъмулан навъҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Асали тоҷик», нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 500 тонна асал истеҳсол шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ дар пойтахт занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида буданд.
Гуфта мешавад, дар баробари асал ва харбуза инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, боймиҷон, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуд. Маҳсулотҳои зикргардида нисбати нархҳои бозор ба андозаи 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста