Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Душанбе ба истифода додани иншооти нав ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ бо иштироки президенти мамлакат оғоз мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин рӯз сарвари давлат ва раиси пойтахт дар маросими мавриди бахрбардорӣ қарор додани бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар шаҳри Душанбе барои 640 нафар толибилмон ширкат хоҳанд варзид. Ба ифтихори ин ҷашн дар бинои мактабҳои №37, 52 ва 92-и шаҳри Душанбе низ корҳои таъмиру азнавсозӣ анҷом дода шуданд.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар шахри Душанбе ба муносибати ҷашни солгарди истиқлол иншооти таъиноти гуногун ба маблағи умумии 721,4 млн. сомонӣ ба истифода дода мешаванд, ки асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ сохта шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар остонаи ҷашн дар пойтахти кишвар маркази савдои «Пойтахт-90», меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton», 1 манзили истиқоматии 12-ошёна, 11 манзили истиқоматии 9-ошёна, 8 манзили зисти 5-ошёна ва майдонҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар иншооти нав беш аз 1,5 ҳазор нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста