Рӯзи 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии хеш иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфт ва изҳори умед намуд, ки табибони вилоят баҳри беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.
Раиси вилоят ҳамзамон гуфт, тибқи дастури Сарвари давлат бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба зиёд кардани ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ наздик 120 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо мақсади сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи соҳавӣ соли 2014 сохтмон ва таъмири 55 иншоотҳои тандурустӣ, 42 шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бахшида ба иди касбӣ - Рӯзи кормандони тиб аз ҷониби Раиси вилоят ба пешқадамони соҳаи тандурустӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, чорабинӣ бо консерти идона ва ҳунарнамоии санъаткорони вилоят поён ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста