Шабакаи иҷтимоии маъруфи Facebook дар Тоҷикистон акнун бо забони тоҷикӣ низ дастрас аст. Дар гӯшаи забони саҳифаи Facebook дар баробари беш аз 50 забонҳои дигар акнун метавон «тоҷикӣ»-ро интихоб намуд ва дар натиҷа саҳифа пурра бо забони тоҷикӣ дастрас мешавад.
Акнун ба ҷойи Like метавон тугмаи «Маъқул», «Комментарий» - «Шарҳ додан», «Сообщение» - «Паёмдон»-ро пахш намуд. «Обновить статус» - «Нав кардани статус» тарҷума шуда, вақти интишори статус ба унвони «Вироишшуда» зикр мегардад.
Дар Facebook нишон дода шудааст, ки интерфейс ба забони тоҷикӣ танҳо 45% тарҷума шудааст. Аз ин рӯ, шабака ба ҳар кадоме аз корбарон имконият медиҳад, ки дар кори тарҷумаи интефейс кумак намоянд. Метавон варинатҳои тарҷумаро пешниҳод карда, барои варианти мақбул овоз дод. Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев мегӯяд, ташаббуси тарҷумаи интерфейси Facebook ба забони тоҷикӣ беш аз як сол пеш оғоз гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти гуногун, аз аҳолии 8 миллионнафараи Тоҷикистон 90 ҳазор шаҳрвандони кишвар аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мекунанд, ки синнашон аз 18 то 30-сола ва 72%, яъне 66 ҳазор нафарашон мардон ва 28%, яъне 24 ҳазор нафарашон занон мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста