Соли ҷорӣ Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) назди худ вазифа гузошт, ки ҳамарӯза намудҳои хизматроасониро ба мусофирон зиёд намуда сатҳи хизматрасониҳои фурудгоҳиро боло барад. Бо ҳамин мақсад чанде пеш мошини махсуси хизматрасон «Амбулифт» харида карда шуд. Тавре пештар хабар дода будем, амбулифт мошинест, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирони дараҷаҳои маъюбӣ доштаи имконияти роҳгардиашон маҳдуд истифода мешавад.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, таърихи 24 август пас аз анҷоми форуми «Созмони занони маъюб», ки дар Душанбе шуда гузашт, меҳмонони форум ба Алмаато парвоз карданд.
Хушбахтона, меҳмонон тариқи «Толори меҳмонони расмӣ», ки дараҷаи баланди хизматрасонӣ дорад, гузаштанд. Мошине, ки занони имконияти ҳаракаташон маҳдудро то фурудгоҳ овард дорои таҷҳизоти махсус буд ва автобусе, ки меҳмононро то ҳавопаймо овард, низ даромадгоҳи махсуси таҳизонидашуда дошт, ки занҳо бемалол вориди автобус гардиданд.
Сипас барои интиқол додани мусофирони маъюб ба дохили ҳавопаймо амбулифт истифода гардид. Ҳайати идоракнундагони амбулифт дараҷаи тахассусии худро сайқал додаанд, зеро раванди интиқол додани маъюбон ба ҳавопаймо хуб ҷараён мегирифт.
Меҳмонони форум, занҳое буданд, ки дарҷаҳо гуногуни маъюбӣ дощтанд, дар сӯҳбат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан аз пойтахти он шаҳри Душанбе хотираҳои хуб арз карданд.
Вобаста ба хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе Ситора Қурбонова, намояндаи созмони занҳои маъюб аз Қирғизистон Мунира Казакумова ва меҳмони Финляндиягӣ миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки истифодаи техникаи махсус, ки барои маъюбон пешбинӣ шудааст, мушкили моро осон месозад ва аз ҷониби дигар воқеан фурудгоҳи Душанберо пешрафта нишон медиҳад, зеро на ҳама фурудгоҳҳои минтақа дорои чунин таҷҳизот мебошанд.
Раиси «Созмони занони маъюби Тоҷикистон» Саида Иноятова, ки дар гусели меҳмонон бевосита иштирок дошт, барои хизматрасониҳои фурудгоҳӣ ба роҳбарият ва кормандони фурудгоҳи Душанбе миннатории худро баён намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста