Корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон аз муассисаи махсуси нигаҳодории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочии Русия боздид намуд.
Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо муовини сардори муассисаи махусуси нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар кишвари Краснодар А.Пляскин маълум шудааст, ки айни замон дар қабулгоҳи махсус барои риоя накардани қоидаҳои будубош, амалисозии фаъолияти меҳнатӣ ва мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурии шахсӣ 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, бо хулосагирӣ аз вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҶТ – С.Раҳимов ва Д.Ғуломов бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, барои гирифтани шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба ватан анкета-аризаҳо тартиб дода шуд, ба хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия фиристода шуданд.
«Шаҳрванд Н.Темуров бар ин назар аст, ки қарори суди ноҳияи Ленини шаҳри Краснодар дар бораи хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русия ва ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл ғайриқонунӣ аст, зеро ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯ дурустанд. Бо мусоидати намояндагӣ рӯзҳои наздик аз болои ин қарор ба зинаи болоии судӣ шикоят бурда мешавад. Бо кумаки наздикон шиносномаи боз як шаҳрванди Тоҷикистон – Э.Назаров дарёфт ва ба раҳбарияти муассиса пешниҳод шуд, то ки ба бозгашти зудтари ӯ ба ватан мусоидат намоянд», - қайд кард номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ корманди намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тағйироту иловахо ба қонунгузории муҳоҷирати Русия, бахусус навовариҳо дар қонуни федералӣ «Дар бораи мақомои ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» ва «Дар бораи тартиботи вуруд ба Русия ва хурӯҷ аз Русия»-ро шарҳу тавзеҳ додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста