Субҳи имрӯз Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи донишро бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд. Дар ин муассисаи таълимӣ дар ҳузури президенти мамлакат бинои нави донишгоҳ ба истифода дода шуд, ки дар он донишҷӯёни факултахои забони русӣ, романиву олмонӣ ва факултаи технология таҳсили илм хоҳанд кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушвахтов, имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар тамоми омӯзгорону толибилмон мустақиман суханронии президенти кишварро тамошо карданд.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии вазорат, соли равон 200 мактаби нав ва биноҳои аз таъмир баровардашудаи мактабҳои мавҷуда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. «Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар 1 млн. 717 ҳазору 63 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, имсол беш аз 40 ҳазор нафар кӯдакони вилоят бори нахуст пой ба остонаи мактаб ниҳоданд. «Айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо фарогирии зиёда аз 484 ҳазор нафар хонандагон ва беш аз 33 ҳазор нафар омӯзгорон 912 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста