Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он маросими муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии номбурда роҳбарон ва намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд.
Дар оғоз сафири Точикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумхурӣ, фарҳанг ва ва таърихи тоҷикон ахбори муфассал пешниҳод кард. Ӯ иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар даъват намуд. Пас аз суханронӣи филм оид ба имконоти туристии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, китобҳо, брошюраҳо ва дигар мавод бахшида ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат ба манзури ҳозирон пешкаш гардид.
Дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он маводи мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг ва таърихи ҷумҳурӣи оварда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста