Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ 10 сентябри соли равон аз соати 08.30 то 09.30, аз 11.00 то.12.00 ва аз соати 17.00 то 18.00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то хиёбони Рӯдакӣ-Майдони 800-солагӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ то кӯчаи Шероз ва хиёбони И.Сомонӣ то Сино муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки дар арафаи гузаронидани ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 11 сентябри соли равон аз соати 06.00 то 12.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Ахмади Дониш-Мастонгулов бо кӯчаи Садриддин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Низомии Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев мaҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин соати 18.00 то 19.00 ва аз соати 20.00 то 21.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Сомонӣ-Сино то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Карамов мaҳдуд карда мешавад.
Рӯзи 12 сентябр аз соати 09.00 то 10.00 аз чорроҳаи хиёбони Рӯдаки-Карамов то хиёбони Рӯдаки-Исмоили Сомонӣ ва аз хиёбони Исмоли Сомонӣ - Рӯдакӣ то ҳаракати давродаври хиёбони Исмоили Сомонӣ-Сино то соати 17.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
Аз соати 16.00 то 17.30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ, Аҳмади Дониш ва Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурияти ҷиддӣ надоштан, ҳаддалимкон аз истифодаи нақлиёт дар рӯзҳои номбурда худдорӣ намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста