Дар доираи сафар ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ шоми рӯзи 11-уми сентябр дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон мулоқот орост. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ назди беш аз 200 нафар ҳамватанон Ҳ.Рӯҳонӣ таъкид доштааст, ки рушди Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар баробари Эрон бо намояндагони адабиёти форсу тоҷик Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон ифтихор дораду ба онҳо арҷ мегузорад, бешак рушди Эрон аст.
Зимнан зикр гардид, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин изҳор намудааст, ки Эрон минбаъд низ бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг, илм ва омодасозии кадрҳо ҳамкории густарда хоҳад дошт.
Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби вохӯрӣ бо ҳамватанон президенти Эрон, ки кишвари нозири СҲШ аст, ягона сарвари давлате буд, ки дар консерти шоми дирӯзи устодони санъати Тоҷикистон барои меҳмонони нишаст дар «Кохи Борбад» ҳузур надошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста