Дар чанде аз ВАО маълумоте интишор шуд, ки мутобиқи он овозхони маъруф Манижа Давлатова омодагӣ изҳор намудааст, ки баъди се моҳ ба саҳна бармегардад.
Хабарнигори «Азия-Плюс» бо сароянда дар тамос шуда, дархост намуд, ки ба ин изҳорот каме рӯшанӣ андозад. Дар суҳбати телефонӣ Манижа Давлатова дар ин робита гуфт:
- Ман аз журналистон дархост мекунам, ки минбаъд зимни таҳияи мавод боинсофу бовиҷдон бошанд. Чанд рӯз қабл аз нашри ин маълумот дар сомонаи Pressa.tj , хабарнигори ин агентӣ ба ман занг зада, дархост намуд, ки ба саволи кай ба саҳна баргаштанам посух бидиҳам. Ман посух додам, ки инро танҳо Худо медонад. Намедонам кай бошад, шояд дигар ҳеҷ гоҳ. Ман хоҳиш кардам, ки дигар маро ташвиш надиҳанд, зеро ман умуман ба матбуот чизи гуфтание надорам. Ман оромонаву хоксорона, бидуни ҳунару эҷод ва саҳна зиндагӣ дорам. Дар ҳаёти ман ҳеҷ дигаргуние рух надодааст, ки аз он метавон ба матбуот хабар дод. Дар бораи аз ҳеҷ чизе натарсиданам бошад, ин як ҳарзаест, ман ҳеҷ гоҳ чунин намегӯям. Ман дар назди мухлисонам, ки то ҳанӯз бозгашти маро интизоранд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам, вале бовар кунед, ман ҳеҷ чизе ваъда надодаам, гузашта аз ин, муҳлати бозгаштам ба саҳнаро ҳам муқаррар накардаам.
Ба гуфтаи сароянда, ба ӯ занг мезананду паёмак мефиристанд ва хешону наздиконашро низ мепурсанд, ки оё дарвоқеъ ҳам ӯ баъди се моҳ боз ба саҳна бармегардад.
«Касе самимона хурсандӣ изҳор мекунад, касоне низ ҳастанд, ки бозгаши маро намехоҳанд ва ҳамаҷониба маломатам менамоянд, ки баъди ҳиҷоб пӯшиданам боз ба саҳна баргаштанам лозим нест. Хуллас, боз атрофи ман гуфтугӯҳои ногувор, охир барои ин ҳеҷ асосе нест. Ҳамаи ин маводи пурсарусадову«доғ»-и бархе аз журналистони ғайриҳирфаӣ аст, ки баҳри болоравии рейтинги худ ва ширкати дар он фаъолиятдоштаашон аз ҳеҷ чизе рӯй наметобанд», - афзуд сароянда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста