Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар «Нишондиҳандаҳои асосии омори иҷтимоӣ-демографӣ оид ба музди меҳнат дар моҳи июни соли 2014» , ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ омода шудааст, маълумот дода мешавад.
Гуфта мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 918 сомонӣ (тақрибан 180 $)-ро ташкил дода, дар муқоиса бо аввали сол музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба миқдори 104 сомонӣ (каме бештар аз 20 $) афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи июни соли равон сатҳи бештар баланди музди меҳнати миёна дар Русия (ҳудуди 900 $) ба қайд гирифта шуда, зинаи дуюмро Қазоқистон (690 $) ва мақоми сеюмро Беларус (590 $) ишғол кардаанд.
Тибқи маълумоти мазкур, моҳи июни соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Озарбойҷон – 568, Арманистон – 408, Молдова – 294, Украина – 277 ва Қирғизистон – 236 доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар бораи музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистну Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста