Дар шаҳри Брюссел дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид.
Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии идона фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони навинтихоби Парлумони Аврупо, Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат ва корпуси дипломатии муқими Брюссел, марказҳои илмию-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои аврупоӣ, воситаҳои ахбори омма, дӯстони хориҷии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва гурӯҳи варзишгарони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар Бозиҳои аврупоии махсуси тобистонаи олимпӣ ба кишвари иқомат ташриф овардаанд, ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон шодбош гуфта, перомуни дастовардҳои назарраси кишвар дар давраи истиқлолият, сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маълумот дод.
Дар табрикот ва андешаронии худ дӯстони аврупоии Тоҷикистон аҳамияти махсуси таҳкими Истиқлолияти давлатии кишварро, ки дар он саҳми таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ гардид, дар пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати байналмилалии Тоҷикистон қайд намуданд.
Дар рафти чорабинӣ навори видеоии барномаи консертии бахшида ба Истиқлолияти давлатии кишвар, китобу матолиби дахлдор оид ба истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон, инчунин асарҳои рассомони маъруфи мамлакат, ки табиати биҳиштосои сарзамини тоҷик ва рӯзгору фарҳангу санъати мардуми онро ба тасвир меоранд, намоиш дода шуданд.
Зимни базми идона ба ҳозирин зиёфат аз таому шириниҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста