Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати бо таълими касбӣ фаро гирифтани 3 ҳазор деҳқонони ноҳияи Кӯлоб, аз ҷумла 1,5 ҳазор нафар занон ва донишҳо дар соҳаи аграриро азхуд кардани онҳо, бо созмони байнулмилалии Oxfam шартнома ба имзо расонид.
Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳрдории Кӯлоб А.Хӯҷамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шартнома ба муҳлати 1 сол бо тамдиди минбаъдаи он то 5 сол баста шудааст.
«Таҳқиқоти гурӯҳи мониторинг нишон дод, ки 90%-и раҳбарони ҳудуди 1700 хоҷагиҳои деҳқонӣ комилан аз донишҳо дар соҳаи аграрӣ бархӯрдор нестанд ва баъзан одамони тамоман тасодуфӣ ба кишоварзӣ машғуланд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз семинару суҳбат ва дигар машғулиятҳои назариявӣ, дар доираи лоиҳа мақомот барои таҷрибаи амалӣ 1 гектар қитъаи замин ҷудо кард, ки дар гармхонаҳо низ ниҳолу кӯчати баъзе зироатҳо парвариш карда мешаванд.
«Дар торнамои махсуси интернетӣ деҳқонони дар лоиҳа фарогирифта тариқи телефони ҳамроҳ метавонанд оид ба ин ё он масъала машварат гирифта, ҳамчунин масъалаи тавассути ташкилотҳои қарзии хурд ба кишоварзон ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок низ мавриди баррасӣ қарор дорад», - афзуд Хӯҷамқулов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста