Дар Душанбе писарчаи 8-сола бедарак шуд. Беҳрӯз Акаҷонови 8-сола рӯзи 27-уми сентябр каме дуртар аз хонаашон, воқеъ дар назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бедарак шудааст.
Падари кӯдаки бедаракшуда ба идораи «Азия-Плюс» омада, дархост намуд, ки дар паҳншавии ин маълумот тариқи матбуот кумак расонида шавад.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , волидони Беҳрӯз гуфтаанд, ҷустуҷӯи маъмурони пулис дар чор рӯзи гузашта натиҷа надода, онҳо бо насби аксҳои фарзанди худ дар хиёбонҳо аз мардум кумак талаб доранд.
Гуфта мешавад, Беҳрӯзи ҳаштсола, хонандаи синфи дувуми мактаби рақами 18 дар Душанбе, чор рӯз пеш аз манзилашон берун рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Ҷӯрабек Акаҷонов, падари Беҳрӯз, гуфтааст, бори охир писарашро дар наздикии бинои “Шарқи озод”, маъруф ба ГЖК дидаанд.
“Чор рӯз қабл мо ният доштем, ба манзили дигар кӯч бандем. Ман ҷиҳози хонаро бурданӣ будам, ки писарам гуфт: “маро ҳам баред”. Гуфтам, ин дафъа меояму туро ҳам мебарам. Вақте бозгаштам, ӯ набуд”, - иброз доштааст Акаҷонов.
Падари Беҳрӯзи ҳаштсола изҳор намудааст, ки ҳоло аксҳои писарашро дар истгоҳҳову кӯчаҳо насб кардааст ва аз сокинон дархост мекунад, ки барои дарёфти писараш ба ӯ кумак кунанд.
Ба гуфтаи падараи писарча, аз бедаракшавии писараш ӯ дарҳол мақомоти милисаро огоҳ намудааст, вале аз кори онҳо шикоят дорад. «Онҳо ҳамеша аз ман маълумотеро интизорӣ доранд, дар ҳолест, ки ман бояд аз онҳо натиҷаи ҷустуҷӯро бипурсам. Масалан, ман ба камераҳои мушоҳидаи видеойии канори роҳ дастрасӣ надорам ва аз онҳо чандин маротиба дархост кардам, ки сабтҳои онро аз назар гузаронанд, шояд он ҷо чизе бошад, вале дархостҳои ман бепосух мемонанд», - шикоят мекунад падари кӯдаки гумшуда.
Агар касе маълумоте дар даст дошта бошад, ки ба дарёфти кӯдак кумак кунад, хоҳишмандем бо телефонҳои – 93-569-00-05 ва 93-569-70-05 дар тамос шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста