Аз субҳи имрӯз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.
Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд.
Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.
Сарфи назар аз ин, дастрасӣ ба сомонаҳои басташуда то ҳанӯз барқарор нашудааст. Дастрасӣ ба аксари сомонаҳо, аз ҷумла Facebook, Vkontakte, «Википедия», Amazon.com, сервисҳои Майл.ру, Лента.ру, CA-NEWS, хадамоти русии хабаргузории «Озодагон» (catoday.org) ва ҳамчунин прокси-сомонаҳо ва анонимайзерҳо то ҳол ғайриимкон аст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқа даст доштан дар ин қатъкуниҳои дастрасӣ ба сомонаҳоро рад мекунад. Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Сабурӣ дар мусоҳиба ба агентии ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки хадамот ба қатъкуниҳои дастрасӣ ба торнамоҳо даст надорад ва ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Сабурӣ зикр кардааст, ки баъзе сомонаҳо «хостори сулҳ дар Тоҷикистон нестанд».
«Қобили зикр аст, ки чанде аз сомонаҳо аз ҳад зиёд сиёсатзадаанд ва ба ҷойи таблиғи сулҳу ризоият дар ҷомеаи мо, ба барангехтани низоъ даст зада, ҳамчунин даъватҳо ва изҳороти ифротгароёна ба нашр мерасонанд», - таъкид доштааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста