Анонс
- Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;
- Дар бинои Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти ҶТ таҳти унвони «Душанбе 2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод» ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;
- Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн (собиқ бинои осорхонаи миллии ба номи К.Беҳзод)-и Тоҷикистон маросими кушоди маърӯзаи доктори улуми иқтисод Лидия Варбанова (Монрела/София) дар мавзӯи «Фарҳанг ва санъат, бахши ТҒД дар асри 21 дар ҷустуҷӯи стратегияҳои нав, моделҳои соҳибкорӣ ва тарзҳои инооватсионӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 14-00.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9952 сомонӣ;
1 евро - 6.3223 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.12 26 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1943 – Таъсиси Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскави ВКХ Иттиҳоди Шӯравӣ (МГИМО).
2006 — Аз осорхонаи таърихии воқеъ дар Қалъаи Ҳисор беш аз 60 нигораҳои арзишманд дуздида шуданд.
1929 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муродбек Рамазонов.
1930 – Мавлуди олим-астрофизик, академик Пӯлод Бобоҷонов.
1948 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Салимбек Расулов.
1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов.
1951 – Зодрӯзи шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки Раҳмат Назрӣ.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +13+18; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назхаррас.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +15+17.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста