Тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтатро доро гардидани шаҳри Душанбе субҳи 17 октябри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар яки онҳоро нисбати дар масири солҳо вобаста аз имкониятҳо дар пешрафти шаҳр саҳми арзанда гузоштанашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар арафаи ин ҷашни бошукуҳ бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе 85 нафар сокинони 90-солаи шаҳр ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бо маблағҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.
«Барои ин иқдом аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ бо инобати ба 20 нафар сокинони 90-солаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва 65 нафар сокини 90- солаву 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо 1000 сомонӣ, масраф гардид», - омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста