Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд.
Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ, ректори Донишгоҳ Анвар Мақсудов нахуст Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дуҷониба, хусусан байни донишгоҳҳои Федератсияи Русия ба роҳ монда, лоиҳаҳои ҷадиди судовар амалӣ карда мешаванд. Боиси хурсандист, ки Тоҷикистон бо Руcия равобитаи дустонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Зимни сӯҳбат Валерий Бондаренко қайд намуд, ки минбаъд миёни Донишгоҳҳои гуногуни Руcия ҳамкории пурсамарро ба роҳ хоҳад монд. Ин ҳамкориҳо метавонанд, ки мустақиман бо муассисаҳои олии кишварҳо, бо мусоидати эшон сурат гирад. Консули генералӣ омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид бар он намуд, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руcсия якчанд фондҳо барои омӯзиши забони русӣ, ва дастгирии он таъсис дода шудааст. Ва дафтари намояндагии «Россотрудничество» дар Душанбе фаъол аст.
Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳ факултети филология амал мекунад, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорони забони русӣ нақши муассир дорад. Дар заминаи ин факултет метавон курсҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монд. Ҳамчунин барои донишҷӯёни омӯзандаи забонҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Донишгоҳ имкониятҳои фаровон вуҷуд дорад. Роҳбарияти Донишгоҳ омода аст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо дар моҳҳои апрел-май нишасти васеъи ректорони донишгоҳҳои Русияро барпо намояд.
Валерий Бондаренко аз ин таклифҳои судманд қаноатманд гардида, омодагии хешро барои мусоидат ва пиёда сохтани ин тадбирҳо изҳор дошт, ҳамзамон зикр намуд, ки барои дастрас гардидани маҳзани китобхонаҳои илмии муассисаҳои олии кишвари Русия азм хоҳад намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста