Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi ва Клуби хизматии Бишкек аз 10 –ум то 14-уми ноябр дар Бишкек дарсҳои омӯзишии «Идоракунии доираи барнома ва ҳамкорӣ бо донорҳои байналхалқӣ» мегузаронанд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, барномаи панҷрӯза дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” амалӣ мегардад. Дар муддати панҷ рӯзи омӯзиш ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ малакаю маҳорати худро дар роҳи идоракунӣ сайқал хоҳанд дод.
Мақсади асосии омӯзиш - таъсири амиқ ба суботи ташкилотҳои иштироккунанда, ва ҳамон замон, баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии онҳо дар саҳнаи ҷамъияти шаҳрвандии Қирғизистон мебошад. «Мо ба манфиатбарон аз осмон ситора ваъда намедиҳем – Елена Гариболди, корманди ташкилоти Cesvi, фикри худро ҳамин тавр баён кард – Мо ба шумоён усулҳои таҷрибавиеро дастрас карданием, ки дар ҳолати истифодаи дуруст ва муқаррашуда, дар хақиқатан кору фаъолияти ҳаррӯзаи шуморо самаранок ва таъсирбахш мегардонад».
Дар охири курси омӯзишӣ иштирокчиён метавонанд бо истифода аз усулҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои хурдро такмил намуда, ба амал оваранд, ва идора кунанд. Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар ин самт барои идоракунии бомуваффақият ва марҳалаҳои асосии он бо лавозимотҳои асосӣ таъмин карда мешаванд: банақшагирии стратегӣ, идентификатсия, тарҳи лоиҳа ва тасвия, ҷамъи мавод ва таҳлили ариза ба лоиҳаҳои пешниҳодӣ, иҷроиши лоиҳа ва баҳогузорӣ ба таъсири он. Омӯзиш бо дарсҳои таҷрибавӣ ва назариявӣ бонавбат гузаронида мешаванд, ки дар он тадқиқотҳои мавзӯии аниқ зери таҳлилу муҳокима қарор мегиранд.
Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии идоракунӣ, мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд. Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол татбиқ гардида, он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста