Камии маош ва гаронии нархи хона аз мушкилоти умдаи мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, ки гурӯҳҳои монополӣ арзиши манзили истиқоматиро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба таври сунъӣ баланд нигоҳ медоранд...
Мушкилоти сокинон
Сайёра Худоёрбекова ва ҳамсараш аз сабаби надоштани манзили истиқоматӣ, дар тӯли чаҳор сол беш аз 8 ҳазор доллар ҳаққи иҷораи манзил пардохтаанд. Ҳамакнун онҳо умедворанд, ки пас аз 18 моҳ соҳиби манзили шахсӣ хоханд шуд. Зеро қисме аз маблағи захиракардаи худро барои хариди манзили якҳуҷрагӣ ба яке аз ширкатҳои сохтмонӣ додаанд.

Ба мисли ӯ кам нестанд афроде, ки аз сабаби надоштани манзили зист дучори мушкилот шудаанд. Агар баъзе иҷоранишинанд, бархеи дигар дар хонаи волидону пайвандон зиндагӣ мекунанд. Сабаби аслӣ гарон будани арзиши манзил дар ҳудуди пойтахт аст.
Омилҳои гаронии нархи манзил
Як метри мураббаъи манзили навбунёд дар биноҳои баландошёнаи маркази Душанбе, вобаста ба ширкати сохтмонӣ, аз $600 то $1200 ва бештар аз он арзиш дорад. Ҳамзамон дар канори пойтахт нархи як метри мураббаъ аз $350 то $900 мебошад. Ин манзилҳо иборат аз чордевори холӣ буда, бидуни таъмири ороишӣ ба соҳибмулкон супорида мешаванд.
Гаронии арзиши хона омилҳои гуногун дорад. Иддае сабаби онро дар баланд будани қимати масолеҳи сохтмонӣ ва бархеи дигар дар мавзеи ҷойгиршавии бино медонанд.
Оё барои коҳиши нарх буҳрон лозим аст?
Бино ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе беш аз 105 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ бунёд шудааст, ки арзиши онҳо барои аксари табақаи миёнаҳол дастрас нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари ошёнаҳои биноҳои навбунёдро мардум аллакай харидорӣ кардаанд. Аммо масъулони Кумитаи мазкур мегӯянд, ки бо зиёд шудани теъдоди чунин биноҳо ва дигар омилҳои таъсиргузор ба бозори дохиливу байнулмилалӣ, арзиши манзил поин меравад.
Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ зимни нишасти хабарии шашмоҳаи аввали соли 2014 чунин иброз дошт:
Роҳҳал: масолеҳи сохтмонии ватанӣ
Сол то сол теъдоди биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт меафзояд, аммо талабот ба он торафт бештар мешавад. Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе, 25 ҳазор сокини пойтахт то соли 2010 ба мақомоти шаҳрдорӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзил фиристодаанд. Аммо аз сабаби норасоии замин, ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ аз соли 2010 инҷониб ба қабули дархостномаҳои марбута хотима доданд.
Манзили дастрас
Ягона роҳе, ки мушкили Сайёраро осон кард, хариди манзили истиқоматӣ аз ширкати «Сохтмони манзили дастрас» мебошад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дастрас кардани манзил аз ин ширкат бо мушкилӣ ба вай муяссар шудааст, чунки ниёзмандон ба ин хонаҳо хеле зиёданд.

Бино ба иттилои Нурулло Наимов, раиси КВД «Сохтмони манзили дастрас», онҳо ба ҳукумати шаҳр тарҳҳои нав пешниҳод кардаанд, ки феълан дар баррасии шаҳрдорӣ қарор доранд. Аз соли 2012 инҷониб аз тарафи ин корхонаи воҳиди давлатӣ 4 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна ва дар маҷмӯъ 500 хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Айни замон сохтмони 12 бинои истиқоматии аз 9 то 18-ошёна идома дорад. Дутои он охири соли 2014 ва боқимонда соли 2015 ба истифода дода мешавад.
«Бозиҳои монополистон»
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ бар ин бовар аст, ки арзиши кунунии ҳар метри мураббаъи манзил, сарфи назар аз он ки дар куҷо ва чӣ гуна сохта шудааст, чанд маротиба гарон буда, ҳатто фаъолияти монополӣ ҷорӣ шудааст. Соҳибкорон хона месозанд, вале бо арзиши гаронтар аз хароҷоти аслии худ мефурӯшанд.
Маоши мардум ва нақшаи генералӣ
Ин дар ҳолест, ки моҳҳои январ-августи соли 2014 маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 250 сомонӣ ва маоши миёна 815,14 сомонӣ муқаррар гардида буд. Дар ин бора ба мо Абдувалӣ Қулов, масъули бахши омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ дод.
Татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе асосан дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Марҳилаи аввал то соли 2020 ва марҳилаи дуюм то соли 2030-ро дар бар мегирад. Дар ин мароҳил биноҳои куҳнае, ки ҳусни шаҳрро коҳиш медиҳанд, аз байн бурда мешаванд.
Сокинони шаҳр ба биноҳои навбунёди истиқоматӣ бо хушнудӣ менигаранд, аммо маъюс аз онанд, ки наметавонанд бо даромади моҳонаи худ дар ояндаи наздик соҳиби манзили шахсӣ шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста