Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба номи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати холдинги ҶСШК «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин ва обёри назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намудаанд.
Дар ин муроҷиатномаи худ Шӯрои генералии итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз роҳбарони ширкатҳои номбурда дархост кардаанд, ки баҳри пардохти қарзи музди меҳнати кормандонашон кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд.
Роҳбари Федератсияи итифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳ дар ҳоле пешниҳоди қабули ин муроҷиатномаро кард, ки муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода зимни суханрониаш дар назди аъзои Шӯрои генералӣ аз 13,4 миллион қарзи музди меҳнат дар вилоят хабар дод.
Ҷаноби Баҳодурзода илова кард, ки сарфи назар аз кӯшишҳои доимии роҳбарияти вилоят, қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ҶСШК «Барқи тоҷик» беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад ваа пардохти музди меҳнати зерсохторҳои ин ширкат танҳо аз худи ширкат вобастагӣ дорад, на аз зерсоторҳояш. «Ҳамчунин қарзи идораҳои беҳдошти замин ва оберӣи низ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад», - иброз дошт ӯ.
Сипас Муродалӣ Солеҳ пешниҳод кард, ки як муроҷиатнома аз номи Шӯрои генералии Федератсияи Итифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба номи роҳбарони ин корхонаҳо ва сарвазири кишвар қабул карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста