Ширкати Лото Спорт мукофоти баландтарини пулӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомониро ба як муҳоҷири корӣ тақдим кард.
Дар иттилоияи расмии ширкати мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки соҳиби ин бурд Шаҳзод Шаропов, сокини 31-солаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд шудааст, ки билети лотереяро аз нуқтаи фурӯши ширкат дар деҳаашон дастрас намудааст.
Шаҳзод Шаропов муҳоҷири корӣ буда, ҳамасола барои дарёфти маблағи рӯзгор ба Русия сафар ва ба ҳайси бинокор фаъолият мекардааст. Тамоми маблағҳои коркардааш барои рӯзгору таъмини маишати падари пиронсол, ҳамсар ва ду нафар кӯдаконаш масраф мешудааст.
Дар бораи ниятҳои минбаъдааш пас аз ин бурди калон Шаҳзод изҳор намудааст, ки дар Душанбе манзили зист харида, таҳсили ояндаи фарзандонашро таъмин карданист.
Ширкати Лото Спорт нахустин ширкати касбии ташкили бозии лотерея дар Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.
Муддати 10 соли фаъолият ба ғолибони бозии лотереяи Лото Спорт ба маблағи беш аз 113 млн. сомонӣ (ҳудуди 22 млн. доллари ИМА) мукофотпулиҳо тақдим карда шудааст. Айни замон ширкат 6 навъи билетҳои лотереяи арзишаш аз 1 то 10 сомониро ба бозӣ мегузорад, к и бо дастрасии онҳо метавон аз 1 то 300 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ бурд кард.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста