Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ғолиб дониста шуд.

Тавре аз идораи ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» иттилоъ доданд, Толибшоҳ қаблан миёни 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ - 2014) ширкат варзида ба даври ниҳоӣ (финал) роҳ ёфт. Дар қатори ӯ нуҳ адиби дигар аз кишварҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ довталаби даври ниҳоӣ буданд.

Дар озмуни мазкур, ки бо ташаббуси ширкати англисии «Silk Road Media», дафтари «Hertfordshire Press» ва дастгирии Маркази фарҳангии туркии «Yunus Emre», маҷаллаи «Open Central Asia» роҳандозӣ мегардад, Толибшоҳи Давлат бо повести «Турнаҳо дар баҳорон» довталабӣ намуд.

Ин асар дар бораи ҳаёти муҳоҷирони тоҷик қисса карда, ибтидои соли равон низ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» доир мегардад, ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти пулӣ гардида буд.

Ба повести «Турнаҳо дар баҳорон» Нуруллоҳи Ориф, муҳаррири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо шеър пешгуфтор навиштааст, ки аз ҷониби ҳакамон падидаи адабӣ арзёбӣ гардидааст.

Озмуни «OCABF-2014» 16 ноябри соли равон ҷамъбаст гардида, се нафар ба мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Толибшоҳи Давлат, ки ягона адиби тоҷик дар ин озмун буд, сазовори ҷои аввал гардид.

Қобили зикр аст, ки Озмуни «OCABF-2014» 17 ҳазор доллари ИМА ҷоизаи пулӣ дорад, ки миёни 12 ғолиб (Озмун дар чанд бахш ҷараён дошт) тақсим мегардад.

Китоби Толибшоҳи Давлат соли оянда дар Лондон нашр хоҳад шуд.