Анонс

- Дар Душанбе ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ оғоз мегардад. Ҳ афта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он аз соати 13:00 то 16:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ва Маркази Таълимии “Мултикид”иштирок хоҳанд кард.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0845 сомонӣ;

1 евро - 6.3287 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1079 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1937 – Дар Душанбе муҷассамаи В.В. Куйбишев қомат афрохт.

2004 – Маросими ифтитоҳи амфитеатри пойтахт баргузор шуд.

2006 — Маркази электронии низоми назорати фазои кайҳонии «Норак» пурра ба ихтиёри Русия супурда шуд.

2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи истифодаи лампаҳои зиёдмасраф (пуршиддат)-и барқ дар Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

1909-1966 – Зодрӯзи фолклоршинос ва тарҷумон Клавдия Улуғзода.

1930 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев.

1967 – Зодрӯзи рӯзноманигор Мавҷудаи Соҳибназар.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +6+11;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона-1+4, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +7+9.