Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо сардори тавкифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Самараи Русия Виктор Попов зикр гардид, ки аз 95 шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, 14 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Котиби матбуотии намояндагии мақомоти мазкури Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки В.Попов гуфтааст, аз 14 нафар тоҷикон 2 нафарашон аз рӯи парвнадаҳои ҷиноӣ ва 12 нафари боқимонда тибқи парвандаҳои маъмурӣ дар ин марказ қарор доранд.
«Корманди намояндагӣ бо онҳо мулоқот карда, бо шароити зисташон аз наздик ошно гардид. Раҳбарияти марказ изҳор намуд, ки айни замон асноди зарурии ба ватан истирдод шудани онҳо омода мегардад. Зимни боздиди аз тавқифгоҳ раиси ташкилоти ҷамъиятии маркази миллии фарҳанги тоҷикон «Родина-Ватан»-и шаҳри Толятти Шароф Азимов низ ҳузур дошт», - иброз дошт Аҳмадов.
Ба гуфтаи ӯ, боз як корманди намояндагӣ ба тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочи сафарбар шуда, маълум шудааст, ки феълан дар он ҷо 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.
«Дар ҳамдастӣ бо хадамоти консулагрии ҶТ дар Русия барои 2 шаҳрванди Тоҷикистон санадҳои бозгашт ба ватан дастрас шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд. Ба се нафари онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонида шуд», - қайд кард номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Алишер ва Манучеҳр Сараевҳо бар ин назаранд, ки боздошти онҳо ғайриқонунист. «Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо адвокат киро карда шуда, дар фурсати наздиктарин аз болои қарори суд нисбати онҳо ба зинаи болоӣ шикоят бурда мешавад», - афзуд корманди намояндагӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста