Анонс

- Бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Намояндагии тиҷоратии Русия дар ҶТ ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Маркази пажуҳиши геополитикӣ) дар меҳмонхонаи «Хайят реҷенси»-и пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон: самтҳо (векторҳо)-и ҳамгиройии авруосиёӣ» конфронс доир мегардад». Оғоз соати 09-00;

- Дар дафтари кории Хазинаи байнулмилалии асъор дар Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои кори гурӯҳи коршиносони Хазина дар Тоҷикистон (аз 6 то 20-уми ноябр) нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0806 сомонӣ;

1 евро - 6.3627 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 70 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1935 – Нависандаи Чехия Юлиус Фучик ба Тоҷикистон ташриф овард.

1992 – Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ – роҳбари давлат интихоб шуд.

2002 – Миёни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» Сертификати ҳукми қонунӣ гирифтани Шартномаи Конссесияи низоми энергетикии ВМКБ ба имзо расид.

2008 — Даргузашти Хайрулло Абдуллоев, оҳангсоз, Арбоби шоистаи ҳунар, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

2012 — Бо дастури Кумита оид ба корҳои дин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон меъёрҳои риш гузоштан барои мардон ва сарулибос барои занонро муқаррар кард.

1938 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов.

1940-1998 – Мавлуди олим Барот Шокиров.

1942 – Зодрӯзи оҳангсоз Фирӯз Баҳор.

1951 – Мавлуди ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.

1953 – Зодрӯзи овозхон Фотима Тӯраева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда,баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.       

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +6+11;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон дар доманакӯҳҳо борону барф меборад.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.